СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муовини КИ ҲХДТ дар ноҳия Саидшо Асроров дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз бо директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён семинари омӯзишӣ баргузор намуданд. Дар семинар оид ба ташаббуси нави ҳизбӣ “РОҲ БА СӮИ МАОРИФ” маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки дар ин самт Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ тасдиқ гардиааст. Ин ташаббус асосан дар ду бахш - «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» роҳандозӣ карда мешавад.

Дар «Соати сиёсӣ», ки тибқи нақша дар як моҳ як маротиба доир мегардад, аслан мавзӯъҳои вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, асосҳо ва дастовардҳои Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, экстремизм ва тундгароӣ ва дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми маориф ва омӯзгор мавриди омӯзиш қарор мегиранд.  Таъкид карда шуд, ки ҳамаи муассисаҳои таълимӣ почтаи электронӣ ва саҳифаи фейсбукӣ дошта бошанд. ва дар татбиқи ташаббуси нави ҳизбӣ фаъол бошанд.