ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 29 СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 9-уми декабри соли 2023 дар асоси нақша-чорабинии тасдиқнамудаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, бахшида ба 29 солагии рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Мактаби Президентӣ” чорабинии тантанавии илмӣ-амалӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар маҷлиси тантанавӣ директори муассиса, муовинон ва омӯзгорону хонандагон ва намояндагони ТҶҶ "Созандагони Ватан" иштирок варзиданд.

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Қаюмов Ф маҷлиси тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳаният гуфта, ба онҳо дар амалисозии ҳадафҳои бунёдкоронаи ҲХДТ барору комёбӣ орзу намуданд.

Ҳамзамон зимни суханронии худ қайд намуд, ки таъсис ёфтани ҲХДТ ва дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ ба бонуфузтарин неруи сиёсӣ табдил ёфтани он ҳам ба фаъолияти серҷабҳаи Пешвои муаззами миллат алоқамандӣ дорад.

Дар идомаи чорабинӣ ба фаъолони ҳизб сипосномаҳо супорида шуда, ба онҳое, ки бо аризаи худ барои аъзогӣ муроҷиат намуда буданд билетҳои ҳизбӣ тақдим гардид.