ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ «ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДА»

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати амалигардонии дастури Дастгоҳи КИМ ҲХДТ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол –Ватани маҳбуби ҳамаи мо» баргузор гардида истодаанд.

Санаи 8-уми декабр дар байни хонандагони МТМУ №23-и ноҳия бахшида ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин зери унвони “ҲХДТ- Ҳизби Созанда” баргузор гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроия тарзи навиштан ва мавзуҳои дар бар гирифтаи озмунро фаҳмонида, қайд намуданд, ки дар вақти навиштани иншо ба масъалаҳои марҳиллаҳои таърихи миллату Ватан, дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ободию пешравиҳои Ватанамонро дарҷ намоянд.

Ба хонандагон фаҳмонида шуд, ки иншоҳое, ки дар доираи мавзӯъ ва дар сатҳи баланд навишта мешаванд бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз мегарданд. Рафти баргузории иншо дар муассисаҳои таълимии ноҳия идома доранд.