ПАХТА БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Пахта боигарии асосии кишварамон маҳсуб шуда, солҳои охир ҷиҳати афзун намудани истеҳсолоти он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳа таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон фароҳам овард, ки замин соҳиби аслии худро пайдо намояд. Маҳз чунин тадбир кишоварзонро ба замин дубора дилгарм намуд. Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст ва бо истифода аз ҳавои мусоиди офтобии тирамоҳӣ саҳмдорнон мекӯшанд, ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи худро сари вақт ва беталаф ғунучин кунанд.

Бо назардошти ҳамин омил бо дарки масъулият дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” бо мақсади кӯмак ба марди деҳқон дар саҳро ба ғунучини пахта баромаданд. Онҳо ғайратмандона паҳлӯ ба паҳлӯи саҳмдорон истода, дар афзуннамоии хирмани пахта кӯмак намуданд.