ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 

 Тибқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, бо ҷалби соҳибкорону сокинони ҷамоати деҳоти Ориён, корҳои таъмиру барқарорсозии роҳравҳои дохили муассисаи таълимии №42 тариқи ҳашари дастаҷамъона сангфарш  шуда истодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки роҳравҳои муассисаи мазкур дар фасли зимистон барои гаштугузори муасилон мушкилиҳои зиёдер ба бор меовард. Бо заҳмату дастгирии бевоситаи директори муассиса Махкамов М, кумитаи падару модарон ва сокинони деҳаи мазкур дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон саҳми назарас дорад.

Боиси қайд аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боиси он мегардад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонидааст.