ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7-уми декабри соли 2023 бо мақсади таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи ҳатмии талаботи Оинномаи ҲХДТ ва низомномаҳои ҳизбӣ, бақайдгирии узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, тартиб ва ҳолати бақайдгирии узви ҳизб дар мавриди тағйири макони зист ва ҷойи кор бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молия» боздид ба амал оварда шуд.

Дар рафти боздид ҳолати утоқ ва гӯшаҳои ҳизбии ташкилотҳои болозикр аз нав ташкил ва насб гардида, санадҳои асосии таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории онҳо мутобиқ ба талаботҳои Оиннома, Низомнома ва дастурамалҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин саҳми ташкилоти ибтидоӣ дар ободонии идора мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар идомаи боздид корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва ҳолати варақаи узви ҳизб ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шуд.