САҲМИ БЕАНДОЗАИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва коргоҳҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда, дар анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атрофи сарзаминамон саҳмгузор бошед.

Ба ҳамин хотир аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери унвони "ҲАФТАИ ҲХДТ” дар шоҳроҳҳои ҳудуди ноҳия корӽои ободонӣ доир намуданд.

Боиси қайд аст, ки имрӯзҳо аъзоёну ҷонибдорони ҳизб бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ саҳми худро дар ҳашарҳои дастаҷамъонаи шанбегӣ аз ҷумла ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану ҳамешасабз, тозаву озода намудани гузаргоӽӽо ва гирду атрофи биноҳо, гулу буттаҳо ва нарм намудани заминӽову канори дарахтон гузошта истодаанд ва баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва боз ҳам зеботар намудани маҳали зисти худ пайваста саҳми арзанда мегузоранд.