ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МАОРИФЧИЁН" дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” бо иштироки фаъолон, омӯзгорон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид.

Дар чорабинӣ масъулин баромад намуда, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ, рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Ҳамзамон дар охир иштирокдорони чорабиниро барои эҳтиром ва пос доштани ин муқаддасоти давлат, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳар як шахс мебошад, даъват намуданд.

Дар охир аз ҷониби хонандагон ва фаъолони дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МАОРИФЧИЁН" дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа барномаи фарҳангӣ доир намуданд.