БОЗИИ ШАШКА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва дар ҳамбастагӣ бо мушовири тарбияи ҷисмонии шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён бахшида ба истиқболи ҷашни пурифтихори 31-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” миёни хонандагони муассисаи таълимии 52-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бозии варзишии “Шашка” роҳандозӣ карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқа пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, иду ҷашнҳои давлатӣ, инкишофи нерӯи солими ҷомеа, баланд бардоштани маҳорату малакаи насли наврас, бахусус ҷавонон дар ин риштаи варзиш ва ташвиқу тарғиби васеи бозии шашка дар байни ҷавонону наврасон ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни онҳо мебошад.

Боиси зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур дастаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ иштирок варзида сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.