ЁДАТОН ГИРОМӢ БОД ФАРЗАНДОНИ ШУҶОИ ВАТАН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3 ноябри соли 2023, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин, 5 нафар оилаҳои сарбозони қаҳрамонона ҳалокгаштаи муноқишаҳои сарҳадӣ Ҳусейнов Шодмон, Маҳмадов Маҳмадҷон, Шарипов Раҷабалӣ, Холов Раҳмидин ва Шамсидинов Нусратулло аёдат гардида, маводҳои ғизоӣ низ кумак расонида шуданд. Раиси ноҳия бори дигар аз номи Пешвои муаззами миллат ба волидони сарбозон изҳори ҳамдардӣ баён намуданд.