ТОЗА НАМУДАНИ ЗАҲБУР ВА ЗАҲКАШҲО ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин аз тарафи лоиҳаи идоракунии захираҳои Оби водии Фарғона бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ ва якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ”-и ноҳия дар баъзе ҷамоатҳову деҳаҳои ҳудуди ноҳия вазъи саробу тоза намудани заҳбур ва заҳкашҳоро аз наздик дидан намуда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор деҳаҳои Тоҷикобод, Истиқлол ва Бустон  заҳбуру заҳкашҳо бо дарозии 6 километр ҳашари дастаҷамъона бо иштироки сокинон тоза карда шуда,  дар ин самт корҳо идома доранд.

Айни замон ҷиҳати тоза намудани заҳбур ва ба ҳолати обёрӣ омода намудани заминҳои корам техникаҳои экскватори Хундай ва Дроглайн дар ҳолати омодабош қарор дошта, 64 километр тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва шабакаҳои обёрӣ ба нақша гирифта шудааст.