ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30-юми сентябри соли 2023 ташкил ва баргузор намудани "Соати сиёсӣ" дар мавзуъҳои "Забон ҳастии миллат", "816- солагии Ҷашни Ҷалолиддини Балхӣ", "Суханронии Пешвои миллат аз минбари баланди Созмони Миллали муттаҳид" бо иштироки омӯзгорону хонандагон дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон" доир гардид.

Дар ин замина баромадкунандагон бо баромадҳои мукаммал ва дақиқ вобаста ба:

1.Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар моҳҳои охир;

2.Хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ;

3.Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва хатархои ҷомеа;

4.Риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад намуданд.

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад.

Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён дар вуҷуди хонандагон ҳуввияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.

Дар соатҳои сиёсӣ омӯзгорон, сарвари муассиса, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда оид ба мавзуъҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён намуданд