ИФТИТОҲИ БОЗ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3-юми октябри соли 2023, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарияти ноҳия, дар расми ифтитоҳи бинои таълимии иловагӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар  Муассисаи рақами 60 иштирок намуданд.

        Бинои мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки рушди исломии Тоҷикистон ба маблағӣ 385 ҳазор доллари ИМА бунёд гардида, дар он шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оврада шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона буда, барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбини шудааст. Қобили зикр аст, ки ноҳияи Кӯшонёин бо дарназардошти тадбиқи амалии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳдошт ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани шароити таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуда дар ин замин синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад.

        Махсусан дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия дар баробари маблағҳои буҷавӣ ҳамчунин сокинону соҳибкорони ободгар ва кумитаи падару модарон низ бо дар назардошти талаботи замон ва сол аз сол зиёд гардидани эҳтиёҷот ба ҷои нишаст дар муассисаҳои таълимӣ, дар ноҳия ба бунёди синфхонаву биноҳои иловагӣ ва муасиссаҳои нави таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Махсусан бахшида ба таҷлили сазовор аз ҷашни 30-солгии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия як муассисаи нав ва дар назди муассисаҳои эҳтиёҷдошта 48 синфхонаи илвагӣ бо 1220 ҷои нишаст дар як баст сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

        Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиклолии мамлакат бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат қарор додааст.

        Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ин ҳадафи ҳукумати мамлакат, дар ноҳияи Кӯшониён, масъулини соҳа дар ҳамокри бо мақомоти маҳаллӣ ва ҷалби сокинон тавассути ҳиссагузории дастаҷамъона баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд. Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ давоми соли ҷорӣ мавриди истифода қарор додани 56 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо 1824 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст, ки қисмати бештари он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Бунёди бинои тозабунёди таълимӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар Муассисаи мазкур барои боз чанд соли дигар ҳалли худро пайдо намояд. Дар ин баробар муҷаҳҳазгардонии синфхонаву кабинетҳои фаннӣ барои дар шароити муносибу ҷавобгӯ ба талаботи замон ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас мусоидат менамояд.