Санаи 27 сентябри соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани маърифати занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Забони давлатӣ", дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи хонандагон мизи мудаввар дар мавзӯи “Забони модарӣ- ҳусни баён”, баргузор гардид.
Дар навбати худ Нурализода Малика-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ чунин иброз доштанд: “Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад”.
Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат баланд бардоштани сатҳи донишу заковати насли наврас дар ҷомеа буд.
Сипас миёни иштирокдорон саволу ҷавоби пурмуҳтаво сурат гирифт ва ба саволҳои иштирокчиёни мизи мудавввар посухҳои қаноатбахш дода шуд. Дар ҷамъбасти мизи мудаввар Нурализода Малика бори дигар хонандагонро бахшида ба рузи Забонӣ давлатӣ табрику муборакбод гуфтанд.