ВОХӮРИИ СУДМАНД  БО МАРДУМ

Кушониён:  

Санаи 26-уми сентябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Амризода Бадахшон, раиси ҷамоати деҳоти мазкур Камолов Мурод ва дигар кормандону масъулин вохурии навбатӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, кормандони беморхона, эмомхатибон ва фаъолони ҷамоат иштирок намуданд, ки бо онҳо дар самти масъалаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҳизбиву ҷумҳуриявӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, чинаки пахта, захиракунӣ ба фасли сармо, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рафти корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо пайваста дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардида, дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум ёрии амалӣ мерасонад.