Санаи 27-уми сентябри соли равон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Гулова Сафаргул бо хонандагону аъзоёни ТҶҶ “Созандагони ватан”-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия вохӯрии навбатӣ баргузор намуданд.
Доир ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи бомақсади телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ суҳбати озоду ошкоро гузарониданд. Инчунин, дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳам ибрози назар карда шуд.