ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ ҶИДДӢ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНИСТ

Кушониён: Вокуниш  

Дар охирҳои асри XX ва оғози асри XXI ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хатари ҷиддие ба мисли ифротгароӣ ва терроризму экстремизм  рӯ ба рӯ шудааст.

Имрӯзҳо аз рӯйи гуфтаҳои бархе аз одамон дарк кардан мумкин аст, ки мегӯянд ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос нест. Решаву поя ва нақшаву ниятҳои нопоки таҳрезинамуди онҳо хеле куҳнаву солхӯрда мебошанд. Айни замон касе гуфта наметавонад, ки аввалин маротиба амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо бо кадом мақсад ва чи тавр cap задааст.

Дар тули таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои махсуси муташаккили сиёсию мазҳабие ба қайд гирифта шуда будаанд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ ва баъзан қатлу куштор мехостанд мақсадҳои нопоки худро ба дигарон бор кунанд, дар ин ҳолатҳо хеле одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Дар охирҳои асри сипаригашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, ки доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Айни ҳол дар замони имрӯзаи мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Маънои аслии калимаи «экстремизм» чист? ва он чӣ гуна падида аст?

Экстремизм аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андеша ва амалҳои тундравонаву номатлуб аз ҳад гузаштан, аз андоза берун баромадан аст.

Экстремист шахсе аст, ки дар фаъолияти худ ҳамеша ҷонибдори амалҳои номатлубу якравӣ, тундравӣ ва вайронкорию хусумат дар ниҳодаш нуҳуфтааст. Ин амалу зуҳурот ва падидаҳои номатлуб метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини поку мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар ҷамъияти имрӯзаи мо шахсоне, ба назар мерасанд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое фаъолият доранд, ки ҳамеша кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои нопоку таҳрезинамуди худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ намуда, тинҷиву оромӣ ва осудагию якдилии мардумро халалдор созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон ва дигар нафарони зиёӣ, экстремистон халалу дахолати худро бештар аз ҳама дар соҳаи дин ва ҷавонон амалӣ менамояд, чунки ин қабил инсонҳо дар тамоми гӯшаю канори рӯйи олам зудбовару гапдаро ҳастанд.

Сабабу реша ва омилу ангезаҳои онҳо кадомҳоянд?

Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст.

Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар аср (замон)-и хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто хатари тамоман аз байн бурдани онҳоро дорад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ гардад.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чӣ тавре ки дар аввали суҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.

Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст...

Холмуродов Умед, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Кӯшониён