НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, ба ду нафар маъюбон – Маҳмадов Билолиддин - сокини деҳаи Навҷувони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва Маҳмудова Саодат - сокини кӯчаи М. Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ нафақаи ҳизбӣ дода шуд.

       Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ масъулини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия қайд намуданд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.