ЗАРАРИ ТЕРОРИЗМ БА ҶАҲОНИ ИМРӮЗА

Кушониён: Вокуниш  

Бояд тазаккур дод, ки ҷаҳони имрӯза беш аз ҳарвақта ҳассосу равандҳои дар он гузаранда мушкилу пурпечутоб шуда истодаанд. Дар ин масир паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм дар вақтҳои охир ба як зуҳуроти ташвишовар мубаддал гашта, кишварҳоро новобаста аз сатҳи рушди иқтисодию ичтимоӣ, фарҳангию маънавӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ фаро гирифта истодааст, ки раванди ташвишовари мазкур таъсири манфии худро ба оилаҳо ва тарбияи созгори фарзандон расонида истодааст. Мутаасифона, терроризм имрӯз дар ҷаҳон чеҳраи занона низ касб намудааст. Бо ин мақсад баҳри аз байн бурдан ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занон дар Тоҷикистон Кумита ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаи ҷавонон, варзиш.ва сайёҳӣ оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гузаронидани чорабиниҳои мухталифро роҳандозӣ намудааст.

Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Сарвари давлат буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллату давлат бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳон имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёдеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Ҳар ки бо душмани халқаш равона аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Мо маорифчиёни ноҳия ҳар як ишора, ҳаракат, суханронӣ ва кирдори нопоки ин хоинонро маҳкум менамоем, ба онҳо нафрат мехонем. Иҷозат намедиҳем, ки хиёнаткорӣ, беадолатӣ ва доду афғон ҷойи сулҳу субот, якдилӣ, тинҷию амониро гирад.

Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Ҳалимов Баҳриддин, аъзои фаъоли ҳизб, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён