Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамагон медонанд, ки Тоҷикистон низ ба вартаи ҷангу хунрезиҳо кашида шуда, қисмати зиёди фарзандонашро аз даст дод. Дар ин раванд баъзе афродони дур аз олами одамият яроқ ба даст гирифта, шикори фарзандони мардуми тоҷикро намуданд. Занону кўдакон ва навҷавонони бегуноҳро бераҳмона сар буриданд. Баъди он солҳо дар кишвар ва берун аз он шахсоне, ки намехостанд ва ҳоло ҳам намехоҳанд, ки Тоҷикистон тинҷу осуда бошад, хаммарўза талош варзида, бо ташкили созмонҳои зиддидавлатӣ ва бо барномаҳои танқидӣ бо истифода аз шеваҳои ифротии худ бо ватандорон баҳсу мунозираҳо мекунанд. Ин хоинони берун аз Ватан, ки зери ниқоби «Опозитсия» дар дигар кишварҳо мисли муш пинҳон гардидаву макон ихтиёр кардаанд ва корашон доимо дар сомонаҳо талбидану истифода бурдани ҷавонони соддаву зудбовар мебошад, мехоҳанд суботу оромии кишвари моро халалдор созанд. Онҳо бо ин роҳ ва ин худнамоӣ ба ҷуз як ду аблаҳи мисли худ ҷинояткорро ва ё аз Тоҷикистон барои кирдоре гурехтаеро ҷалб намуда, мехоҳанд вазъи Тоҷикистонро ноором созанд. М.Кабирӣ, М. Садриддин, Салмон ва чандин аблаҳони дигаре, ки пешрафт ва шукуфоии ватанро дида наметавонанд, танҳо бар муқобили фарзанди баномуси миллат аз дур ва бо зурии забон худро нишон медиҳанд, фаромӯш кардаанд, ки ин миллат ҳазорҳо фарзандони баномусу баореро ба дунё овардааст, ки барои ҳимояи давлату миллаташ ва ҳимояи сарвари ватансозу ободгараш, бо як ишора ҷони худро дареғ намедоранд!
Фарзандони миллати тоҷик намегузоранд, ки як ду мазҳабситезу ифротӣ бо истифодаи дини ислом кишвари моро ба майдони муноқишаҳои мусалаҳона табдил диҳад. Намегузоранд, ки ин хоинон ба пойдевори мустаҳками ваҳдату ягонагӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, рахна зада, рӯзгори осуда ва хотири ҷамъи мардуми азияткашидаи моро парешон созанд.
Он нафаре, ки забони модарии худро ба як алфози дигар иваз намудаву суханро бо забони дигарон оғоз мекунад ва ба ғайбату таҳқири миллати худ даст мезананд, аз куҷо ба қадри миллат, забон ва давлати худ мерасанд?
Мардони баномуси миллати тоҷик, ки ҳастии худро барои ин Ватан бахшидаанд, ҳоло хомушанд !
Ҳар сухан ҷо, ва ҳар гуфтаи хоинони миллат ҷавоб дорад. Душманони ифротии миллат, ки аз содагии баъзе ҷавонони соддақли мо истифода мебаранд , гумон накунанд, ки ба ақидаи ин халқ таъсир мерасонанд. Агар онҳо гумон доранд, ки муваффақ шудаанд, хатои маҳз мекунанд. Миллати азияткашидаи тоҷик мактаби ватансозӣ ва сулҳофариро аз сарвари ватансозу сулҳпарвараш хуб омӯхтааст ва дигар фирефтаи гуфтаҳо ва туҳматҳои аҳриманзодагони ифротгаро намешаванд.
Имрӯз мардуми ранҷкашидаи тоҷик зери осмони соф дар фазои сулҳу суббот ва ваҳдату ягонагӣ зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонӣ намуда, ҳар соату ҳар лаҳза шукронаи ободии ин Ватан ва фарзандони бо нангу номусашро доранд. Ягон хоин ягон душмани миллату давлати тоҷик бахшида намешавад. Ин мардум мардуми соддаю зудбовар нест, ки ба гуфтаи як ду хоини фурухташуда дода шавад. Сулҳу Ваҳдат, ки арзишмандтарин дороии ин миллат мебошад, аз ҷониби ҳар фарди баномус ҳифз мегардад.
Аз ҳар як тоҷики аз Тоҷикистон берун даъват ба амал меорем, ки додаи гуфтаҳои Кабирӣ, Муҳаммадиқбол, Ҳусейну Салмон нашаванд. Ягон давлат бе мушкилӣ нест. Мо бояд ватансоз бошем, на ин ки ватансуз !!!
Самадов Ҳусейн, муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”