ВОХӮРИИ СУДМАНД  БО МАРДУМ

Кушониён:  

Санаи 19-уми сентябри соли равон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор, ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Саидбеки Сафарбек, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Гулова Сафаргул, раиси ҷамоат ва дигар кормандон вохӯрии навбатӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, кормандони беморхона, эмомхатибон ва фаъолони ҷамоат иштирок намуданд, ки бо онҳо дар самти масъалаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҳизбиву ҷумҳуриявӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ,  президентӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рафти корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Чунин мулоқоту вохӯриҳо пайваста дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардида, дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум ёрии амалӣ мерасонад.