ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

Кушониён:  

Санаи 18-уми сентябри соли равон, мудири шуъбаи кор бо занон Нурализода Маоика ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Гулова Сафаргул ҷиҳати таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи ниёгон маҳсули дастони занону бонувони ҳунарманд, аз қабили қуроқдӯзӣ, порчадӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва ғайра аз Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.

Зимни боздид, Нурализода Малика мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён қайд карданд, ки гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар ин замина тӯли асрҳои зиёд аст, ки садҳо навъи ҳунару ҳунармандӣ ҷиҳати эҷод роҳ кушода истодааст. Ва занону ҷавондухтарони замони истиқлол низ ба ин васила соҳиби касбҳои гуногун шуда, дар ин гуна  намоишҳо фаъолона ширкат варзида, саҳми худро гузошта истодаанд.