ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИФТИХОРИ МАН!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шаҳодатномаи ҳизбӣ яке аз ҳуҷҷати асосии ҳар як аъзои ҳизб ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар як аъзои ҳизб барои тозаву озода ва бо тартибу низоми муайян нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ масъул аст.

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намуданӣ мавҷудиятӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ ифтихори ман” дар МТМУ №4 дар ноҳияи Кӯшониён ба як қатор омӯзгорон ва кормандони техникии муасиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамзамон масъулини Кумита ба омӯзгорон ва кормандони техникии муассиса зимни шаҳодатномасупорӣ ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ фаҳмондадиҳӣ гузаронд.