ВОХӮРӢ БО АЪЗОИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Кушониён: Созандагони ватан  

Санаи 18 сентябри соли 2023 мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Гулова Сафаргул ва директори МТМУ №2- бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони ватан” вохӯрии навбатӣ  баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур оид ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи бомақсади телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ суҳбати озоду ошкоро гузарониданд.  Инчунин, доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳам ибрози назар карда шуд.