РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз 31 августи соли ҷорӣ, Узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо аз рафти сохтмони бинои иловагии МТМУ №8, ки аз 12 синфхона иборат аст, дидан намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар дохили бино ба итмом расида, ороиш ва муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳо бо маводу аёниятҳои таълимӣ оғоз гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ дар беруни бино рафта истодаанд.

Роҳбарияти ноҳия барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонию таъмирӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.