ШАРОИТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БОЗ ҲАМ БЕҲТАР ХОҲАД ГАШТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Рӯзи дониш имрӯзҳо дар доираи Аксияи ҳизбии “Мактаби Ман” ва “Якҷоя месозем!” муассисаҳои таълимии ноҳия бо ҷалби фаъолон, сокинон, омӯзгорон дохил ва атрофи муассисаҳо таъмир, биноҳо рангубор ва роҳравҳо сафолакпуш карда шуда истодааст.

Хусусан кули омӯзгорони муассисаи таълимии №42-и деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Ориён имрӯзҳо ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар таъмири муассиса саҳми хешро мерасонанд.

Ҳамзамон зимни баргузории ин ҳашар гирду атрофи муассисаи таълимӣ рубучин гардида, аз ҳаргуна алафҳои худрӯй тозаю озода гардонида шуд.