ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ТИБ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба муносибати Рӯзи кормандони тиб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “СТОМАТОЛОГИЯ” ва “МАРКАЗИ ТРОПИКӢ” вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид, Собиров Далер доир гардид.

Зимни вохӯрӣ кормандони КИ ҲХДТ қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон рушди соҳаи тандурустӣ бо сиёсати оқилонаю хирадмандона, созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд буда, ба масъалаи бунёди муассисаҳои тандурустӣ ва таъминоти онҳо бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дода, чораҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа бо он нафароне зоҳир мегардад, ки шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи саломатии мардум талош меварзанд.

Дар заминаи ин табибонро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама ҷиҳати мубориза бурдан бо бемориҳои гуногуни сироятӣ сипоси беандозаи худро баён доштанд.

Дар ин росто, дар рафти вохӯрӣ ба Маҳмадизода Ҷурабой сардухтури дандонпизишк ва Қурбонов Шералӣ директори маркази тропикӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, ки саҳми назарраси худро мегузоранд, бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.