ТАБИБОН РОЗДОНИ ДАРДМАНДОНАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба муносибати Рӯзи кормандони тиб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ШИФО” ва “КАТС” вохӯрии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид, Собиров Далер доир гардид.

Табибони мушфиқи тоҷик ҳамчун ворисони воқеии Синои бузург маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома дода истодаанд. Кормандони соҳаи тиб солҳост, ки дар дармонгоҳҳои Тоҷикистон ва берун аз кишвар содиқонаю софдилона ба мардум хизмати тиббӣ расонида, шуҳрати тибби тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодаанд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки табибон роздони дардмандонанд, нишони эътибори аҳли ҷомеа бо он нафароне зоҳир мегардад, ки шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи саломатии мардум талош меварзанд. Дар заминаи ин табибонро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама ҷиҳати мубориза бурдан бо бемориҳои гуногуни сироятӣ сипоси беандозаи худро баён доштанд.

Дар ин росто, дар рафти вохӯрӣ ба Изатуллоев Аҳрор раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии КАТС, Давлатзода Тоҷиниссо котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии КАТС ва Толибов Зубайдулло раиси ташкилотии ибтидоии ҳизбии ШИФО, ҷиҳати таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, ки саҳми назарраси худро мегузоранд, бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.