ТОЗА НАМУДАНИ ЗАҲБУР ВА ЗАҲКАШҲО ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар якҷоягӣ бо раиси Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар баъзе ҷамоатҳову деҳаҳои ҳудуди ноҳия вазъи саробу тоза намудани заҳбур ва заҳкашҳоро аз наздик дидан намуда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Дар ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ кӯчаи Обшорон заҳбуру заҳкашҳо бо дарозии 1 километр ҳашари дастаҷамъона бо иштироки сокинон тоза карда шуда,  дар ин самт корҳо идома доранд.

Айни замон ҷиҳати тоза намудани заҳбур ва ба ҳолати обёрӣ омода намудани заминҳои корам техникаҳои экскватори Хундай ва Дроглайн дар ҳолати омодабош қарор дошта, заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда истодаанд.