СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъмурият ва коллективи омӯзгорон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳия бо ҷамъбаст намудани соли таҳсил таъмири ҷории синфхонаҳо ва дар умум муассисаро ба анҷом расонида истодаанд.

Айни ҳол, аз ҳисоби маблағгузориҳои Кумитаи падару модарон таъмири ҷории муассиса, ки зиёда аз 10400 м2–ро дар бар мегирад, омӯзгорон ва кормандони техникии муассиса ба рангубор намудани роҳравҳо ва гирду атрофи муассиса машғуланд.

Боиси қайд аст, ки дар таъмири синфхонаҳо сокинони деҳаи Қаҳрамон махсусан, директор ва омӯзгорони муассиса, саҳми бевоситаи худро гузошта, нақша доранд, ки то 1-уми августи соли ҷорӣ ба итмом расонанд.