САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 12 июли соли 2023, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Нурализода М ва Неъматуллоева С аз истифодаи самараноки заминҳои корами наздиҳавлигӣ дар деҳаи Ганҷина, ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни фаъоли деҳоти мазкур дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати самаранок истифодабарии заминҳои корам ва ёрирасон, захираи 2 солаи маводи ғизоИро сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаби заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, ба ин васила саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.