САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ КОРАМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 12 июли соли 2023 кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Нурализода М. ва Неъматуллоева С. аз истифодаи самараноки заминҳои корами Кооперативи Тиҷоратии “БЕҲБУДӢ”- и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни фаъоли ташкилоти мазкур дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати самаранок истифодабарии заминҳои корам ва ёрирасон, захираи 2 солаи маводи ғизоиро сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаби заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, ба ин васила саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.