САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИНҲОИ КОРАМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7 июли соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ дар муассисаҳои таълимӣ,  руёнидани ҳосили такрорӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои оммафаҳмонӣ ва таблиғотиро дар ин самт боз ҳам пурзуртар намуда истодаанд.

Ба ҳамин мақсад гурӯҳи корӣ вазъи заминиҳои наздиҳавлигии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияро дидан нумуданд .

Баҳри самаранок истифода бурдани замин, масъулони муассиса, парвариши помидорро дар гармхона роҳандозӣ намуда инчунин маҳсулотҳои донагӣ аз қабили лӯбиё, нахуд ва ҷуворимаккаро кишт намуда маводҳои ғизоиро захира намуда истодаанд.