САФИ МУАССИСАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ МЕАФЗОЯД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон муассисаҳои таълимии наву муосир сохта ба истифода дода шуда истодааст.

Бахшида ба соли нави таҳсил дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Чорбоғ  бинои нави замонавӣ дар арафаи анҷомёбист. Бинои таълимии мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар ду баст 384 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад.

Сохтмону ба истифода додани чунин муассисаҳои таълимии муосир дар ҳудуди ноҳия ба хонандагон руҳу илҳоми тоза бахшида меҳру муҳаббати онҳоро ба илму маърифат бештар менамояд.