ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва бо ҷалби соҳибкорону сокинони деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бустонқалъа” корҳои таъмиру барқарорсозии роҳи ташкилоти ибтидоии “Бустонқалъа”-ро, тариқи ҳашари дастаҷамъона дар масофаи зиёда аз 5 километр сангфарш  намуданд.

Сокини деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа таъмиру азнавсозии роҳҳои асосии ноҳияро боиси ифтихору сарфарозӣ, пешравию ободкори замони соҳибистиқлолӣ дониста, қайд намуд, ки ин пешравиҳо ифтихори тамоми шаҳрвандони кишвар мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки роҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа якчанд роҳи деҳаҳои дигарро ба ҳам пайваст намуда, заҳмату дастгирии бевоситаи соҳибкорон ва сокинони деҳаи мазкур дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон саҳми назарас доранд.

Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони деҳаи Ҳаёти нав боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.

Боиси қаид аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боиси он мегардад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонад.