АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯшониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ. Санаи 25.06.2023 дар деҳаи Сари Пул, Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ва Иди Қурбон, тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор шуд.

        Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро сокинон бо хушнудӣ пазируфта, дар деҳаи худ ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.

Ин ташаббус дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.