СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кӯшониён:Ташаббусҳои ҳизбӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, бо дастгирии Роҳбарияти ноҳия, соҳибкорону мардуми деҳаи Қаҳрамон ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, Муассисаи таълимии рақами 42-и деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Ориён таъмиру бозсози муассисаи таълимӣ бо масоҳати 350м2 идома ёфта истодааст.

Боиси қайд аст, ки дар таъмири синфхонаҳо сокинони деҳаи Қаҳрамон махсусан, директор ва омӯзгорони муассиса, саҳми бевоситаи худро гузошта, нақша доранд, ки то 1 июли соли ҷорӣ  ба итмом расонанд.