АЁДАТИ ОИЛАИ САРБОЗИ ҚАҲРАМОНОНА ҲАЛОКГАШТА АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Кӯшониён: Расонидани кӯмаки моддию маънавӣ, инчунин аёдати шахсони бемор, пирони рӯзгордида ва оилаҳои бесаробону камбизоат дар арафаи таҷлили ҷашну анъанаҳои миллӣ аз суннатҳои неки ниёгонамон буда, дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст ва аз ҷониби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар мақомотҳо дар ин самт ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд.

Бо ин мақсад Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия оилаи сарбози шаҳидгаштаи ҷамоати шаҳраки Бохтариён Холов Раҳмиддин Ҳасановичро бо мақсади ҳамдардӣ баён намудан аёдат карда, кӯмакҳои ғизоӣ расониданд.

           Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин бори дигар ба волидон ва наздикони сарбоз, аз номи Пешвои муаззами миллат ҳамдардии амиқ баён карда, изҳор доштанд, ки хотираи неки шаҳидонро  ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва ҳамеша ба оилаҳои онҳо дасти кӯмак дароз менамоянд.