ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ САҲМГУЗОРӢ НАМОЕМ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кӯшониён: Ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолияти хоҷагидорӣ, таъсис додани хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини моддии фаъолият ва истеҳсоли ҳарчӣ бештари молу маҳсулоти озуқаворӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Тазаккуур бояд дод, ки тибки Нақша-чорабинии Ситоди Макомоти иҷроияи хокимияти давлатии нохияи Кӯшониён «Оид ба кишти картошка дар ташкилоту муасисахои нохия” маъмурияти Ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Марказӣ» нохия сидкан тавачухи хос андешида, бо руёнидани ҳосили хуби картошка дар замини хоҷагии ёрирасон ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Бо мақсади минбаъд низ афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ аъзоёни Ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Марказӣ» корҳоро дар самаранок истифодабарии замини хоҷагии ёрирасон тақвият бахшанд.