СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кӯшониён: Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, бо дастгирии узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода И.С. ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 61-и деҳаи Ортоди Ҷамоати шаҳраки Бохтариён корҳои сохтмонии 2 адад синфхонаҳои иловагӣ бо масоҳати 70 м2 оғоз карда шуд.

Тазаккур бояд дод, ки ин иқдоми хайрхоҳона бо ташаббус ва кӯмаку дастгириҳои мардуми саховатманди деҳаи мазкур бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ ҳамарӯза бо сокинон ва аҳолии деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона вусъат ёфта истодааст.

Бояд гуфт, ки сокинони маҳал азм доранд, ки маблағи даркориро саривақт ҷамъовари намуда, масолеҳи сохтмониро харидорӣ кунанд ва ҳарчи зудтар синфхонаҳои иловагиро пурра сохта рангу бор намуда, ба истифода диҳанд.

Бунёди синфхонаи иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд.

Ҳамзамон, ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад, ки барои синфҳои ибтидоӣ дар назар дошта шудааст.

Боиси қайд аст, ки дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи Ортод махсусан, директор ва омӯзгорони муассиса, саҳми бевоситаи худро гузошта, пойдевори синфхонаҳо аз ҷониби онҳо бо роҳи ҳашар оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.