БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ АЗ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24 майи соли равон гурӯҳи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз хоҷагии ёрирасони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд. Дар рафти боздид қайд гардид, ки истифодаи самараноки ҳар як порча замин боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад. Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин чораҳои зарурӣ андешем.

Зимни мулоқот намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз нашъунамои хуби кишти ғалладона дидан намуданд, маълум шуд, ки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён кишт ва нашъунамои киштшударо хуб ба роҳ мондаанд.