АЁДАТИ ИШТИРОКИЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рӯзи иди Ғалаба, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нурматов Ҳасан истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ хизмат намудааст аёдат гардида, хизмати шоиставу софдилона намудааш аз тарафи вакил ва аъзоёни фаъоли ҳизб бо кӯмакҳои моддӣ қадрдонӣ карда шуд.

Бо мақсади руҳан шод намудан ва арҷ гузоштан ба хизматҳои арзандааш, аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоат барномаи фарҳангӣ бо шеъру сурудҳои солҳои ҷанг намоиш дода шуд, ки ин иқдом собиқадорро хушҳол намуд. Зимнан Нурматов Ҳасан аз он рӯзҳои мудҳиш ва сангин ёдовар гашта, шукрона аз он намуданд, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар як давлати тинҷу ором дар иҳотаи фарзандону наберагон ва наздикон зиндагонии осуда доранд.

Барои қадрдонӣ ва ғамхории ҳамешагӣ миннатдории самимии худро ба Президенти мамлакат баён намуда, баҳри тинҷиву оромӣ ва гулгулшукуфонии Тоҷикистони азизамон дуои нек намуданд