ДАЛЕРИВУ ШУҶОАТИ РОДМАРДОНИ НАБАРДИ ҶАНГ БОИСИ ИФТИХОР АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати-миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз тарафи вакилон ва аъзоёни фаъоли ҳизб 3 нафар родмардони набарди ҷанг Шодиев Шариф, Давлатов Нормурод ва Қурбонов Ҳаким аёдат гардиданд.

Ин 3 нафар мардони далеру шуҷоро бо мақсади пос доштани хизматҳои арзандаашон аз номи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иди зафар шодбош гуфта, бо маводҳои ғизоӣ кӯмак намуданд. Зимни суҳбати самимӣ онҳо аз рӯзҳои хизмати ҳарбиашон дар давлати ҳамсоя Афғонистон ёдовар гардида қайд намуданд, ки ҳамчун сарбоз хизмати Модар-Ватанро сарбаландона адо намудаанд.

Самараи неки инсонӣ ва подоши амали хуби худро имрӯзҳо дар иҳотаи фарзандону наберагон чашида зиндагии орому осоишта намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ сарбаландона ширкат меварзанд. Дар навбати худ ҷанговарони башардӯст барои аёдати хеш, миннатдории худро саравал ба Сарвари давлат баъдан ба иштирокдорон баён намуданд.