ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИЁН БАХШИДА БА ИДИ ЗАФАР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгири намудани онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим ба шумор рафта, дар тамоми қаламрави мамлакати азизамон ин гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ дар ҳама иду ҷашнҳо аз иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.

Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба оилаҳои ниёзманд низ дар фарҳанги миллати мо яке аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки бахшида ба 78-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Насруллоев Саъдулло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН” бо иштироки кормандони Кумитаи ичроияи ҲХДТ, чун анъана дар арафаи иду ҷашнҳо ба ин қишри ҷомеа бо мақсади хайру савоб ва ғамхорӣ намудан ба Сангинова Ҷаннатбӣ кумаки пулӣ бо маблағи 500 сомон тақдим намуд.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша роҳандозӣ карда мешаванд.