ВАЗЪИ ҶАҲОНИ ТАҒЙИРЁБАНДА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ТАМОМИ СОҲАҲО

Кушониён: Андеша  

Имрӯзҳо ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари ҳама гуна вазъияти ҷаҳонӣ тайёр бошем ва бо донишу бинишу нав ҷавононро талқин ба роҳи худшиносию худогоҳӣ  тарбия намуда, рисолати фарзандии ҳамин сарзамин буданро адо намоем.

Ҳар фарди худогоҳ бояд донад, ки ҷаҳони имрӯза дигар мисли қарнҳои гузашта дар як сатҳ қарор надорад. Дар баробари пешрафти тамоми соҳаҳо таъсироти манфии онҳо низ дар ҷомеаи башарӣ эҳос мегардад. Аз ин таъсирот на танҳо зиёиёну донишмандон, балки дар баробари онҳо ҷавонон низ бояд бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишу биниш ва фарҳанги миллӣ, ки баёнгари эҳсоси ватандӯстӣ аст бархурдор бошанд.  

Президенти мамлакат дар Паёмашон қайд карда буданд: “Дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстеремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад”

Мураккаб гардидани вазъи имрӯзаи ҷаҳон ба давлатҳои хурд ҳушдор медиҳад, ки дар баробари садди абарқудратҳо доиман тайёр бошанд. Аз таъсири  зуҳуроти хатарҳои нав пеш аз ҳама мардум метавонанд зарар бинанд. Аҳдофу манофеи мамлакатҳои абарқудрат низ метавонад боиси куштор ва хароб гардидани ҳазорҳо одамон ва шаҳрҳо гарданд.  Имрӯзҳо таъсири ин бӯҳронҳо, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардида буд, мардумони сайёра бо ҳар роҳ эҳсос карда истодаанд.  

Масъалаи танқисии шадиди озуқаворӣ низ имрӯзҳо дар бисёри мамлакатҳо дида мешавад. Аз норасоии маводи озуқа ё ин ки таъмин набудан ба он мардумони мамлакатҳои Осиёву Африқо танқисӣ мекашанд. Ҳаминро ба назар гирифта, Президенти мамлакат дар Паёмашон қайд карда буданд: “Вазъи  ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои  дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем”.   

Муҳимтарин чиз барои ҳар фард ин доштани Ватан аст. Аз ин рӯ ҳар яки мо бояд саъй намоем, то ҳисси баланди миллиро дар ҷавонону наврасон рушд диҳем, чун омили асостарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Раҷабалиев Самандар - омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №52 -и  н. Кӯшониён