САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН - БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ ОИЛА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати самаранок истифодабарии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навбаҳор» дар деҳаи Навруз, аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода бурда, заминро оқилона ва самаранок истифода намуда истодаанд.

Асоси фаъолияти ин хоҷагиро агар солҳои пештар танҳо парвариши зироатҳои ғалладонагӣ ҷаву гандум ё картошкапарварӣ ташкил медод, айни ҳол масъулони ташкилоти ибтидоӣ саъю талош мекунанд, ки кишту парвариш ва рӯёнидани дигар зироату сабзавотҳоро низ дар қитъаҳои холимонда ба роҳ монанду сабади истеъмолии худро ғанӣ гардонанд.

Айни замон, хоҷагидорон барои безараргардонӣ аз кирму ҳашароти зараровар корҳои агротехникӣ ва дорупошӣ карда истодаан. Бояд қайд намуд, ки захираи амбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ҳамин заминҳо пур гардида, хоҷагидорон дар оянда ният доранд, ки ҳосили бештар ба даст оварда, хонаводаи худ ва бозори истеъмолиро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намоянд.

Масъулини хоҷагии мазкур иброз намуданд, ки зироати кишти помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва нахуду лубиё айни замон нашъунамои хуб дошта, талаботи он дар кишвари мо ва берун аз хориҷ хело зиёд мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвариши тамоми зироатҳо имкониятҳои васеъ дорад. Аз он ҷумла иқлими мусоид, обу хок ва табиати Тоҷикистони азизи мо яке аз неъматҳои бебаҳо буда, ҳар як инсони соҳибмаърифатро водор месозад, ки барои рушду нумуи соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор бошад.