ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН КОРИ ХАЙРУ САВОБ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд.

Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ”, имрӯзҳо чун анъана дар арафаи иду ҷашнҳо ба ин қишри ҷомеа бо мақсади хайру савоб ва ғамхорӣ намудан  кумакҳои ғизоии яквақтаина намуданд.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.