ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо пайваста кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба нафарону оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарастарон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ҳамин мақсад дар арафаи иди саиди фитр ба ин оилаҳо кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуда истодааст.

Ин навбат дар таърихи 14 апрели соли равон бо мақсади дастгирию кӯмак намудан ба оилаҳо аз ҷониби шахсони саховатпеша, хайрхоҳ, аъзоёну ҷонибдори ҳизб ва вакилону соҳибкорон чанд нафар оилаҳои ниёзманди ҷамоату шаҳраки ҳудуди ноҳияро аёдат намуда, кӯмакҳои яквақтаина расониданд.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.