ТАБЛИҒИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳошияи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшонинён бо мақсади аз навсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаву коргоҳҳо ҳамарӯза миёни аҳолии ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баргузор намуда истодааанд.

Боиси хурсандиовараст, ки ин ташаббуси пешниҳод намудаи ҳизбиро, ки вобаста ба сохтани иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ мебошад, сокинони ҷамоати шаҳраки Бохтариён дастгирӣ намуда, иншоотҳои гигиении манзили истиқоматии худро  бо усули дренажӣ ва бо ҷойҳои дастшӯйи аз навсозӣ намуда истодаанд.

Бояд кайд намуд, ки гигиенаи шахсӣ ин маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри саломатии инсон мусоидат мекунад. Гигиенаи шахсӣ чунин қоидаҳои умумиро дар бар мегирад: кори ҷисмонӣ, истеъмоли хӯроки хушсифат, меҳнату истироҳат, хоби бофароғат ва ғайра. Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сару либос, тозагии манзил ва риояи мунтазами он ва тозагии иншоотҳои гигиенӣ дохил мешавад. Яъне, тозагӣ шарти асосист. Бо риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ худ ва наздиконро метавон аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намуд.