ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони бонангу номус мактаби мардонагӣ, далериву зиракӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонон шуҷоатмандиву мардонагӣ, далериву зиракӣ ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватанро меомўзанд.

Имрӯз дар қатори дигар ҷавонони Ватандӯсти кишвар, ҷавонони бономуси ноҳияи Кӯшониён бо муҳаббати воло ва ҳисси баланди мардонагӣ, ихтиёрӣ баҳри хизмати Ватан омадаанд ва хушбахтона сол аз сол сафи чунин ҷавонмардон зиёд шуда истодааст, ки аз баланд гардидани ҳисси ватанпарастии онон гувоҳӣ медиҳад.

Бо ҳамин мақсад имрӯз дар маркази ноҳияи Кӯшониён, дар аввалин рӯзи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони зиёде ҷамъ омада буданд, ки ихтиёран дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта хизмати Модар-Ватанро адо намоянд.

Дар ҷараёни сафарбаркунӣ аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти шиори “Ба хизмати Модар-Ватан омодаем” бо даъватшандагон мулоқоту аксияҳои тарғиботӣ доир намуда, барои софдилона адо намудани хизмати Ватан-Модар муваффақиятҳои беназирро таманно карданд. Зимни парафшонии парчами миллӣ ҷавонони саодатманди ноҳия бовар кунониданд, ки “Ба Ватан содиқона хизмат мекунем”, “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист”, “Насли Истиқлоли сулҳу ваҳдатем, Пайравони Пешвои миллатем”.

Маврид ба зикраст, ки баҳри дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар назди Қасри фарҳанги маркази ноҳия бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд, ки даъватшудагон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва “Пайравони Пешвои миллат” бо шодиву нишоти хеш, ба барнома шукуҳи тозаро зам намуданд.

Боиси қайд аст, ки дар даъвати баҳорӣ сафи ҷавононе, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд 364 нафарро ташкил дода, то ин ҷониб 150 нафар ба таври ихтиёрӣ сафарбар гардидааст. Айни замон 200 нафар барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ҷалб шудааст. Дар ин росто сарбозони ихтиёрӣ аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён 9 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ дар курси ронандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.